23.02.2007
Вохӯрӣ бо ҳайатҳои ХБА ва БҶ
Ҳайатҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифи корӣ дар Душанбе мебошанд, 22 феврал дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи арзёбии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Роҳбари гурӯҳи ҳайати Бонки ҷаҳонӣ Ҳурмуз Агдей ва сарвари ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор Марина Мореттӣ дар бораи ҳадафҳои барнома ва аҳамияти он ҷиҳати муайян намудани паҳлӯҳои пурқувват ва заифи макроиқтисодӣ, номуайянӣ ва масъалаҳои пардохтпазирӣ, такмили бозори пул, риояи кодекси Хазинаи байналхалқии асъор оид ба шаффофияти сиёсати пулию молӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои устувории низоми молиявӣ, идоракунии хавфҳои бонкӣ, низоми муҳофизати бонкӣ, арзёбии самаранокии назорати бонкӣ, заминаи қонунгузории молиявӣ роҳбарии корпоративӣ дар бонкҳо, низоми пардохт, дурнамои дастёбӣ ба хизматрасонии молиявӣ, рушду танзими бахши суғурта ва ғайраро дар бар мегирад, сухан ронданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов зикр намуд, ки низоми бонкии Тоҷикистон рӯз то рӯз устувор гашта истодааст. Афзудани амонатҳои аҳолӣ дар бонкҳо аз баланд шудани боварии мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дуруст ҷойгир кардан ва таъмини бозгашти амонатҳо вазифаи муҳимтарин дар фаъолияти бонкҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъкид намуд М.Алимардонов, имрӯз мо ба ин барнома ниёз дорем ва аминем, ки арзёбии воқеии низоми молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони ин ду созмони бонуфузи байналхалқии молиявӣ ба мо ҷиҳати ислоҳи камбудию норасогиҳои мавҷуда кӯмак хоҳад расонид. Омӯзиш, таҳлил ва арзёбии бахши молиявии Тоҷикистон се давраро дар бар гирифта, то моҳи июл давом мекунад.