Ҳайати БМТ дар конфронси байналхалқӣ ширкат варзид

Бойгонии ахбор
15.11.2006

Ҳайати БМТ дар конфронси байналхалқӣ ширкат варзид

Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд.  Дар рафти кори конфронс якчанд корхонаю муассисаҳои соҳаи номбурда маҳсулоти худро ба маърази тамошобинон пешниҳод карданд. Илова бар ин, дар ҷаласаҳои конфронс мутахассисони варзида бо зиёда аз 30 маърӯзаю баромадҳо дар бораи вазъи истеҳсол ва сифати чоп, муомилот, бозшуморӣ ва экспертиза, нест кардани банкнотаҳо, фактҳо ва усулҳои сохтакории пул, роҳҳои мубориза бо он, истифодаи технологияи муосир барои чопи пул ва муайян кардани аслияти онҳо суханронӣ намуданд.  Тибқи барномаи конфронс иштирокдорони он бо фаъолияти корхонаи пулчопкунии Вазорати молияи Амрико шинос шуданд. Роҳбарияти ин корхонаи азиму бонуфуз дар бораи ҳаҷму нозукиҳои истеҳсоли долларҳои ИМА, комёбиҳои коргоҳ ва проблемаҳои он маълумоти муфассал доданд.  Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти сафари хеш бо роҳбарону мутахассисони иттиҳодияҳои “Гознак” – и Русия, “Гизеке – Давриент”-и Олмон, “Чарлз Обербурт” – и Фаронса, “Кустерз” – и Голландия ва “Давлат Белгиси” – Бонки марказии Ҷумхурии Ӯзбекистон мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд, ки дар онҳо масъалаҳои барои тарафҳо судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Возврат к списку