26.10.2006
Мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистрон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор
23 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ таҳти сарварии Раиси бонк Алимардонов М. М. бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистрон қарор доранд, баргузор гардид. Сарвари ҳайати ХБА ҷаноби Карлос Пенеруа ба барномаи муштараки ХБА ва Ҳукумати ҶТ, ки анҷом ёфта истодаст, баҳо дод. Номбурда доираи масъалаҳое, ки барои баррасӣ пешниҳод мешаванд, аз ҷумла, лоиҳаи сиёсати пуливу-қарзӣ барои соли 2007, ҳамкории Вазорати молияи ҶТ ва Бонки миллии Тоҷикистон, тавозуни бонк, қарзи аз ҷониби Бонки давлатии инкишофи Чин, ки ба Тоҷикистон ҷудо кардааст, танзими қарзҳои бахши пахтакорӣ ва ғайраро муайян намуд. Раиси БМТ М. Алимардонов оиди рафти омодасозии лоиҳаи стратегияи сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2007 маълумот дод. ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки сатҳи таваррум ба андозаи 7%, болоравии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба андозаи 8% муайян карда шудааст. Сарвари БМТ иброз дошт, ки ҳаллу фасли қарзҳои пахтакорӣ ба гузаронидани ислоҳоти замин вобаста мебошад ва болои он сохторҳои марбутаи Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Ташрифи ҳайати ХБА 3 ноябри соли равон анҷом хоҳад ёфт.