Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

Бойгонии ахбор
20.10.2006

Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

20 октябри соли ҷорӣ ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки субҳи имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, кори худро оғоз намуд.  Худи ҳамин рӯз вохӯрӣ ва мулоқоти аъзои ҳайат бо дастаи иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати Вазири молия С. Наҷмиддинов, Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ Г. Бобоев, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ва намояндаи Вазорати иқтисод ва савдои мамлакат баргузор гардид.  Намояндагони дастаи иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ аъзои ҳайати ХБА-ро бо натиҷаҳои фаъолияти вазоратҳои асосии бахши иқтисодӣ дар нӯҳ моҳи соли равон, таҳия ва самтҳои асосии буҷети давлатӣ барои соли 2007 ва нишондиҳандаҳои ҷории иқтисодӣ шинос намуданд.  Сарвари ҳайати ХБА ҷаноби Пинеруа иттилоъ дод, ки мақсади асосии ҳайат аз таҳияи стратегияи мӯътамади идораи қарзи берунӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳайат барои таҳияи заминаи макроиқтисодӣ, ки мӯътадилияти макроиқтисодии бадастовардаро нигоҳ медорад, кӯшиш хоҳад кард. Ҳайати диққати худро ба ислоҳоти ташкилотҳои асосии макроиқтисодӣ, аз қабили, сиёсати андоз ва идораи даромадҳо, низоми бонкӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пулию қарзӣ равона хоҳад кард.  Ҷаноби Пинеруа, ҳамчунин иброз дошт, ки ташрифи навбатии ҳайат ба анҷом додани баррасии барномаи нави ХБА бахшида мешавад.  Тибқи нақшаи ташрифи меҳмонон, аъзои ҳайати ХБА аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба ҳузур пазируфта мешаванд ва вохӯрию мулоқотҳои онҳо бо роҳбарон ва сардорони идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои асосӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба нақша гирифта шудаанд.  Ҳайати ХБА 3 ноябри соли равон кори худро дар ҷумҳурӣ анҷом медиҳад.

Возврат к списку