Дар Душанбе намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» кушода шуд

Бойгонии ахбор
29.09.2006

Дар Душанбе намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» кушода шуд

29 сентябри соли равон Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶС «Казкоммерцбанк» (Қазоқистон)-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати таъсиси намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Душанбе розигӣ дод.  Омӯзиши бозори Тоҷикистон, таъмини табодули маълумот миёни бонкҳои ҳар ду ҷониб, рекламаву фаъолияти ташкилотӣ аз вазифаҳои намояндагии «Казкоммерцбанк» буда, намояндагии мазкур салоҳияти гузаронидани амалиётҳои бонкиро дар ихтиёр надорад.  Бинои асосии ҷамъияти саҳомии «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ аст.

Возврат к списку