20.09.2006
Таъсиси «Бонки рушди Тоҷикистон»
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ аз 19 сентябри соли 2006 (№329), дар асоси моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 17, 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ба Ҷамъияти саҳмомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» ҷиҳати гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозат дод. Ба гуфтаи Раиси Раёсати бонки навтаъсис Н. У Шокиров бонки мазкур тамоми намудҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, кушодану бурдани ҳисобҳои ҷорӣ бо асъори милливу хориҷӣ, амалиётҳои хазинавӣ, додани қарзҳои кӯтоҳмуддату дарозмӯҳлат, қарзҳои хурд, миёна, калон, қарзҳои истеъмолию ипотекиро дар бар мегирад.