14.09.2006
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Чин
14 сентябри соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дидору мулоқоти Раиси БМТ Алимардонов М. М. бо ҳайати Бонки содиротӣ-воридотии Чин, ки таҳти сарварии ноиби президенти бонки мазкур Ли Ганг дар Тоҷикистон қарор доранд, доир гашт. Сараввал Алимардонов М. М. меҳмононро бо низоми бонкии Тоҷикистон, рушди бозори хизматрасонии бонкӣ ва низоми қарздиҳӣ ошно намуд. Аз ҷумла Алимардонов М. М. қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст, то ҳамкориҳоро бо ҳамтоҳои чиноӣ рушд бахшад. Ҳамчунин дар ин росто чанд нуктаи муҳиме низ қайд гардид, ки бонкҳои чиноӣ ҷиҳати маблағгузорӣ метавонад ҳиссагузор бошанд. Дар навбати худ ҷаноби Ганг ҳамтоёни тоҷики худро бо муҳимтарин самтҳои фаъолият ва давраҳои асосии рушду барқарории низоми бонкӣ дар Чин ошно намуд. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки Бонки воридотӣ-содиротии Чин омодааст ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои нисбатан муҳим-энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намояд. Ҷаноби Ганг афзуд, ки бонк дар асоси созишнома метавонад лоиҳаҳоеро, ки муассисаҳои чиноиву тоҷикӣ баъд аз иҷроиши муқаррароти дохилаи лоиҳаҳои мазкур амалӣ намудаанд, маблағгузорӣ кунад. Дар анҷоми мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М. М. ва Ноиби президенти Бонки воридотӣ-содиротии Чин Ли Ганг созишномаи дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расониданд. Ҳуҷҷати мазкур дар худ шартнома оид ба расонидани ёрӣ дар интихоби бонкҳо; пешниҳодоти хизматрасонӣ оид ба ҳисобот; табодули маълумот оид ба рушди иқтисодиёт; пешниҳоди маълумот оид ба лоиҳаҳои амалкунанда ва нав; пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва амалӣ намудани барнома оид ба тайёр намудани кадрҳоро дар бар мегирад.