Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
19.07.2006

Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

7 июли равон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналхалқии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лукас Моерс ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ намуд.  Тарҷумаи ҳол:  Ҷаноби Лукас Моерс 21 декабри соли 1967 дар Ситтард, Нидерландия таваллуд ёфтааст. Шаҳрванди Ҳоланд мебошад. Дар Донишгоҳҳои Амстердам, Миннесота ва Миннеаполис аз рӯи ихтисоси иқтисодиёти марҳилаи гузариш ва макроиқтисодиёти байналхалқӣ таълим гирифтааст. Баъди гирифтани дараҷаи магистр дар Донишгоҳи Амстердам соли 1992 дар Идораи сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии Бонки марказии Ҳоланд кор кардааст. Соли 1996 ба докторантураи донишкадаи Тинберген дохил шуд. Баъдтар дар вазифаҳои гуногуни Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналхалқии асъор кор кардааст.  Соли 2000 ба сифати корманди доимии Хазинаи байналхалқии асъор ба кор оғоз кард ва соли 2002 кори илмии доктории худро дар мавзӯи «Муассисаҳо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва марҳилаи гузариш» ҳимоя намуд. Дар Хазинаи байналхалқии асъор ӯ бо мамлакатҳои дорои иқтисодиёти гузариш ва рӯ ба тараққӣ (Эстония, Сенегал, Яман ва Бангладеш) кор мекард ва бо масоили умумии кишварҳои кишварҳои дорои даромадҳои паст машғул буд.  Намояндаи доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ду сол таъин карда мешавад, дар ин вазифа ҷаноби Моерс ҷаноби Хаваҷаро иваз намуд.

Возврат к списку