Мизи мудаввар дар БМТ

Бойгонии ахбор
12.06.2006

Мизи мудаввар дар БМТ

12 июни соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши идоракунӣ дар суботи низоми бонкӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ЮСАЙД, ширкати Беринг Пойнт, сафорати ИМА дар Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои БМТ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ҷамъияҳои қарзӣ ширкат варзиданд.  Бо сухани муқаддимавӣ дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷумъа Эшов баромад намуд. Номбурда, аз ҷумла, иброз намуд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани низоми бонкии ҷумҳуриро ба бозорҳои глобалии молиявӣ тақозо менамояд. Ҷорӣ намудани воситаҳои беҳтарини байналхалқии идораи хавфҳо барои таҳкими минбаъдаи низоми бонкии мо ва маҳорати нигоҳ доштани амалиётҳои хориҷии корхонаҳои мо, беҳтар кардани миёнаравии молиявии бозори дохилӣ хеле муҳим мебошад.  Зимни суханронии худ машваратчии ширкати Беринг Пойнт ҷаноби Норманн Бакстер изҳор дошт, ки тай чанд соли охир ЮСАЙД барномаеро маблағгузорӣ намуд, ки он аз ҷониби машваратчиёни ширкати номбурда дар амал татбиқ карда шуд, илова бар ин, курсҳои зиёде дар мавзӯи идораи хавфҳо барои бонкҳои тиҷоратӣ гузаронида шуданд.  Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи асосии ҷаласа мудири минтақавии ЮСАЙД ҷаноби Петер Арко иштирок ва пешниҳодҳои ҷониб пешкаш намуд.  Иштирокдорони ҷаласаи Мизи мудаввар дар мавзӯи масъулияти роҳбарияти бонк барои идораи босифати хавфҳо ва нақши ин идоракунӣ дар суббот ва фоидаоварии бонкҳо баҳсҳои ҷолиб ва фоидаоварро анҷом доданд.

Возврат к списку