09.06.2006
Ҷаласаи муштараки Комиссияи мустақил
Рӯзи 9 июни соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Комиссияи мустақил оид ба ҳалли қарзи бахши пахтакорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналхалқиву молиявӣ – мададгорон, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, ХБА, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққиёт, ЮСАИД, Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Комиссияи Аврупо, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Департамент оид ба рушди муносибатҳои байналхалқии Сафорати Британияи Кабир, ЮНИСЕФ, дар масъалаи «Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли соҳаи пахтакорӣ» баргузор гардид. Ин вохӯрӣ таҳти раёсати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Раиси Комиссияи мустақил оид ба ҳалли қарзҳои бахши пахтакорӣ Давлатов М. С. доир гашт. Дар кори ҷаласа ҳамчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳои мамлакат, инчунин намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа оид ба мушкилоти ҳалли қарзҳои бахши пахтакорӣ, ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои тарафҳо дар масъалаи мазкур мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Ба сабабҳои пайдоиши қарзҳо ва тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда, ҳамчунин ислоҳоти иқтисодие, ки дар кишвар ҷараён дорад, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Иштирокдорони ҷаласа дар масъалаи зарурати таъсис додани гурӯҳи корӣ барои такмили заминаи қонунгузорӣ, идома додани ислоҳоти сохторӣ ва замин, истифодаи сертификатҳои замин ба сифати таъмини гарав, ба категорияи амволи ғайриманқул мансуб донистани замин, ташкили Низоми ягонаи бақайдгирӣ барои ҳамаи намудҳои амволи ғайриманқул, таҳияи механизми андозбандии соддашуда, таҳияи механизми бартараф кардани дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти хоҷагиҳо ва дигар масъалаҳо ба мувофиқати умумӣ расиданд.