24.05.2006
Муаррифии Стратегияи рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон
23 майи соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо аъзои комиссияи мустақил ва гуруҳи татбиқи лоиҳа оид ба ҳалли қарзи бахши пахтакорӣ Стратегияи инкишофи соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ҷаласаи номбурда Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, раиси комиссияи мустақил Матлубхон Давлатов, Директори Департаменти кишоварзии Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Юрген Фюгел, Директории Департаменти Бонки Осиёии инкишоф ҷаноби Косучо Мотсунамӣ ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд. Гурӯҳи муаллифон аз Бонки ҷаҳонӣ ба муҳокимаи масъулини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд, таҳлили инкишофи соҳаи кишоварзиро пешниҳод намуданд. Таҳлили номбурда бо кӯмаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва Котиботи давлатӣ оид ба корҳои иқтисодии Швейтсария таҳия шудааст. Ҳуҷҷати мазкур аз таҳлили проблемаҳои асосӣ, ки соҳаи кишоварзӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, оғоз ёфта, он омилҳоеро, ки дар ҳоли ҳозир барои амалӣ гаштани потенсиали мавҷуда барои зиёд намудани истеҳсолот ва баланд кардани маҳсулнокӣ садди роҳ мешаванд, муайян менамояд. Таҳлили номбурда, ҳамчунин аз як қатор чораҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, ки барои таъмин намудани замина барои ба даст овардани рушди мӯътадил зарур мебошанд, иборат мебошад. Тавре дар ҷаласа қайд гардид, ҳуҷҷати асосӣ оид ба Стратегияи рушди кишоварзӣ асосан барои инкишофи соҳавӣ ва паст кардани камбизоатӣ дар деҳот, ҳалли масъалаҳои ислоҳоти сиёсати кишоварзӣ, тавсиаи заминаҳо барои рушди мӯътадил ва барномаи инкишофи он равона карда шудааст.