18.05.2006
Фаъолияти Маъмурияти муваққатии ҶСП «Кафолатбонк» қатъ карда шуд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 17 майи соли равон таҳти №171 дар асоси моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳисоботи Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Кафолатбонк»-ро қабул намуда, фаъолияти он ва амали Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2006, №87 «Дар бораи ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар фаъолияти ҶСП «Кафолатбонк» қатъ намуд. Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби он ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Кафолатбонк» бо зарар анҷом додани фаъолияти хеш дар соли 2005 ва иҷро накардани талаботи ҳадди ақали сармояи танзимшаванда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Маъмурияти муваққатиро барои идоракунии ҶСП «Кафолатбонк» таъин намуда буд. Тибқи банди дигари Қарори боло Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои ба ҶСП “Ҷамъияти қарздиҳии Кафолат” табдил додани ҶСП “Кафолатбонк”, ба вазифаи раиси Раёсати он таъин намудани Салимов Шоҳин Бадарғаевич ва барои таъсиси филиали он дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд розигӣ дод. Бинобар табдилёбии ҶСП «Кафолатбонк» ба ҶСП “Ҷамъияти қарздиҳии Кафолат” иҷозатномаҳои қаблан барои анҷом додани амалиётҳои бонкии ба он додашуда, иваз карда шуда, дар баробари ин ба ҶСП “Ҷамъияти қарздиҳии Кафолат” то бартараф гардидани зарар дар фаъолияташ қабули амонатҳои шахсони воқеӣ манъ карда шудааст.