17.05.2006
Мулоқот бо директори корхонаи сикказании Санкт-Петербургии Иттиҳодияи Госзнаки Федератсияи Русия
16 майи соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ва аъзои Раёсати БМТ бо директори корхонаи сикказании Санкт-Петербургии Иттиҳодияи Госзнаки Федератсияи Русия ҷаноби А. Мазур, ки ба тозагӣ бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ, ки ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва корхонаи номдори сикказании шаҳри Санкт-Петербург бахшида шуда буд, масъалаҳои дар оянда боз ҳам беҳтару хубтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд. Дар фуроварди вохӯрӣ Раиси Бонки милдлии Тоҷикистон М. Алимардонов ва директори корхонаи сикказании Санкт-Петербургии Иттиҳодияи Госзнаки Федератсияи Русия ҷаноби А. Мазур барои дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар вазъияти ботантана ба қарордоди ҳамкорӣ имзо гузоштанд.