Дар БМТ мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз баргузор гардид

Бойгонии ахбор
16.05.2006

Дар БМТ мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз баргузор гардид

Масъалаҳои ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва хазинаҳои мамолики араб ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат дар ҷаласаи Мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз, ки 15 майи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.  Дар кори Мизи мудаввари байналхалқӣ мушовири Президенти Бонки исломии рушд оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷаноби Башир Умар Муҳаммад Фадлаллаҳ, намояндагони Хазинаи Саъудии инкишоф, Хазинаи Қувейтии инкишофи иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, тандурустӣ, наклиёт, кишоварзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.  Дар ҷаласаи мизи мудаввар изҳор гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсиаи муносибатҳои судманд бо Бонки исломии инкишоф (БИИ) ва шарикони он манфиатдор аст. Бонки исломии инкишоф ба ҷумҳурии мо асосан дар лоиҳаҳои бахши инфрасохтори давлатӣ, аз қабили тандурустӣ, нақлиёт, маориф, ва таъмини об кӯмак мерасонад. Маблағи ҷудонамудаи қарзҳо ва кӯмакҳои техникии БИИ ба мамлакати мо 111,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Баромадкунандагон ҳамчунин изҳор доштанд, ки то имрӯз БИИ ва хазинаҳои дар мизи мудаввар иштирокдошта барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун 113,6 млн. доллари ИМА ҷудо намудаанд, ки аз он аллакай 50,8 млн. доллари ИМА истифода шудааст.  Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои соҳавӣ ба иштирокчиёни мизи мудаввари байналхалқӣ пешниҳод гардида буданд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуданд, зеро баъди муаррифии ҳар яки онҳо муҳокимаю баҳсҳои давомдор баргузор мегардиданд.  Лоиҳаҳои номбурда, аз қабили – лоиҳаи «Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе – Вахш», «Сохтмони туннели Чормағзак», «Эҳёи шифохонаи инфексионӣ дар ш. Душанбе», «Анҷоми сохтмон ва таҷҳизонидани шифохонаи ҷумҳуриявии касалиҳои саратон», «Сохтмони НОБ-ҳои хурд дар маҳаллоти Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷаласаи номбурда ба меҳмонон 29 лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешниҳод карда шуданд.  Тибқи барномаи сафари намояндагони Бонки исломии инкишоф ва хазинаҳои инвеститсионии мамолики араб, меҳмонон тай ду рӯзи минбаъда бо Сарвазири ҷумҳурӣ ва роҳбарони як қатор вазоратҳо вохӯрию мулоқотҳо анҷом дода, аз баъзе объектҳои дар лоиҳаҳо нишондодашуда дидан менамоянд.

Возврат к списку