Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
04.05.2006

Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

3 майи соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи авали соли равон барои намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Келдиёрова, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов, муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони Идораю шӯъбаҳои БМТ ширкат варзиданд.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов қайд кард, ки БМТ фаъолияти худро баҳри муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, нигоҳ доштани афзоиши сатҳи таваррум, таъмини устувории қурб ва нигоҳдории қобилияти харидории сомонӣ, мустаҳкам намудани низоми бонкӣ, ки онҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 инъикос ёфтаанд, равона менамояд.  Дар оғози нишасти матбуот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов оиди раванди рушди устувори иқтисодиёт, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи пасти таваррум, баландшавии музди меҳнат, татбиқи сиёсати андозу буҷет ва пулию қарзӣ, зиёд шудани пасандозҳои шаҳрвандон дар семоҳаи авали соли 2006 ба хабарнигорон маълумот дод. ӯ қайд кард, ки дар ин давра рушди нисбатан устувори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) идома ёфта, 5,6 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,6 фоиз ва соҳаи кишоварзӣ 5,6 фоизро ташкил намуд.  М. Алимардонов иброз дошт, ки сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ аз меъёри пешбинигардида каме баландтар шуда, 3,4 фоизро ташкил кард. Номбурда изҳор карда, ки раванди зиёдшавии нархҳо дар ҳамин сатҳ қариб дар тамоми мамлакатҳои ҳамсоя ба мушоҳида расид. Масалан, сатҳи таваррум дар Федератсияи Руссия 4,1 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 3,2 фоиз ва Ҷумҳурии Қирғизистон 3,0 фоизро ташкил дод.  Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки даромади пулии аҳолӣ ва музди миёнаи меҳнат дар давраи ҳисоботӣ тамоили зиёдшавиро давом дод. Даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2006 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,8 фоиз афзуд ва ин раванд давом дорад. Музди миёнаи меҳнат дар моҳҳои январ-феврали соли равон 28,3 фоиз баланд шуд.  Дар се моҳи соли 2006 қурби асъори миллӣ ба низоми «озодшинокунандаи танзимшаванда» асос ёфта, вобаста ба вазъи бозори дохилӣ ва ҷаҳонии асъор тағйир меёфт. Қурби расмии мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА 0,4 фоиз тағйир ёфт.  Тавре роҳбари БМТ изҳор намуд, низоми бонкии ҷумҳурӣ то 1 апрели соли ҷорӣ аз 11 бонки мустақил, 7 ҷамъияти қарзӣ, 6 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 30 ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат мебошад.  Маблағи умумии cармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба аввали сол 2,1 млн. сомонӣ ё 1,3 фоиз зиёд шуда, дар охири моҳи март 169,1 млн. сомониро ташкил кард.  Дар давраи ҳисоботӣ пешгирӣ намудани бозори хизматрасонии бонкӣ аз бонкҳои беэътимоду зараровар идома дода шуд. Моҳи феврали соли равон бо сабаби аз ҷониби ҶСП «СТБ-Инвестбонк» ва ҶСП «Бонки Олимп» иҷро нагардидани талаботи қонунгузории бонкӣ, бо зарар анҷом додани фаъолияти онҳо дар соли 2005 ва иҷро накардани талаботи ҳадди ақали сармоя Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз ҶСП «СТБ-Инвестбонк» ва ҶСП «Бонки Олимп» иҷозатномаҳоро барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ бозхонд ва дар ҶСП «Кафолатбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин намуд.  Пӯшида нест, ки дар фаъолияти бонкӣ амонатҳои ҷалбкардашуда нақши муҳимро бозӣ мекунанд, зеро онҳо барои маблағгузориҳои қарзӣ манбаи асосӣ ба шумор мераванд.. Дар семоҳаи аввали соли 2006 ҳаҷми амонатҳо нисбат ба охири соли гузашта 139,8 млн. Сомонӣ ё 25,9 фоиз зиёд шуда, дар охири моҳи март бақияи кулли амонатҳо 678,9 млн. Сомониро ташкил дод ва аз баланд шудани боварии мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.  Сипас иштирокчиёни нишасти матбуот ба суолҳои сершумори намояндагони васоити ахбори умум посух доданд.

Возврат к списку