24.02.2011
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби нақдинаи долл. ИМА ва рубли русӣ 22-23 феврал дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4730-4,4860 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,5310-1,5440 сомонӣ барои 10 рубли русӣро ташкил доданд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад каме афзуда, 6,0800-6,1200 сомониро барои 1 евро ташкил дод. Имрӯз, 24 феврал қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфта, дар ҳудуди 4,4810-4,5000 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор дорад. Маркази матбуоти БМТ