28.02.2011
Қурби рубли русӣ дар бозори нақд каме баланд шуд
Қурбҳои долл. ИМА ва еврои нақд 25 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,4710-4,4860 сомонӣ ва 1 евро 6,1000-6,1200 сомониро ташкил доданд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,5370-1,5510 сомонӣ баробар шуд. Имрӯз, 28 феврал қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфта, дар ҳудуди 4,4800-4,5000 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ