Меъёри бозтамвил – 9 фоизи солона

Бойгонии ахбор
03.03.2011

Меъёри бозтамвил – 9 фоизи солона

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистонро ба андозаи 0,75 банди фоизӣ баланд кард. Тибқи ин қарор нишондиҳандаи номбурда дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар гардид.     Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ вобаста ба фишорҳои бардавом ва интизории таваррум, ки аз таъсири омилҳои берунӣ ва мавсимӣ ба миён меоянд, тағйир меёбад. Бинобар болоравии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти асосии воридотӣ (гандум, орд, равғани растанӣ, маҳсулоти нафтӣ) ва мавсимӣ (сабзавот) сатҳи таваррум тайи чанд моҳи охир дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳод. Барои мисол, моҳи январи соли равон сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 1,9 фоизро ташкил дода, меъёри таварруми солона ба 11,2 фоиз баробар шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли 2010  5,3 фоизро ташкил дода буд.       Дар робита ба ин, бо мақсади нигоҳдории мӯътадилии ҳаҷми пул дар муомилот ва кам намудани таъсири омилҳои таваррумӣ, Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати қатъии пулию қарзиро пеш гирифта, меъёри бозтамвилро то 9,0 фоизи солона баланд бардошт.        Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз ин меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 27 октябри соли гузашта аз 8 то 8,25 фоизи солона тағйир дода шуда буд.    Хадамоти матбуоти БМТ ш. Душанбе, 3 марти с. 2011

Возврат к списку