Қурби миёнаи долл. ИМА тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
25.03.2011

Қурби миёнаи долл. ИМА тағйир наёфт

Дар рӯзҳои истироҳат ва таҷлили ҷашни Наврӯз қурби доллари нақди ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4770-4,4940 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,5620-1,5760 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, ҳамчунин афзуд ва дар ҳудуди  6,2500-6,2700 сомонӣ барои 1 евро қарор гирифт.   Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе имрӯз, яъне 25 март қурби миёнаи долл. ИМА тағйир наёфта, 4,4920-4,5090 сомониро ташкил дод.    Хадамоти матбуоти   БМТ

Возврат к списку