Ҳаҷми амонатҳо афзуд

Бойгонии ахбор
01.04.2011

Ҳаҷми амонатҳо афзуд

Бақияи кулли амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ ба интиҳои феврали соли равон нисбат ба аввали сол 6,2 фоиз афзуда, 3,4 млрд. сомониро ташкил дод, аз ҷумла амонатҳо бо пули миллӣ 1,4 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,0 млрд. сомонӣ.  Дар таркиби амонатҳо 51,7 фоиз ё 1,8 млрд. сомониро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 48,3 фоиз ё 1,6 млрд. сомониро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил менамоянд.     Хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку