04.04.2011
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Қурби миёнаи долл. нақди ИМА 1 апрел ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4850-4,5020 сомониро ташкил дод. Аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро қурбҳои миёнаи онҳо каме афзуда, 1,5790-1,5940 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,3000-6,3200 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4 апрел қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуда, дар ҳудуди 4,5020-4,5200 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ