06.04.2011
Дилерони ваколатдори ташкилотҳои қарзӣ Оини нави рафтори худро қабул карданд
Дар ҷаласаи умумии дилерони ваколатдори ташкилотҳои қарзӣ - Иштирокдорони бозори байнибонкии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, таҳрири нави Оини рафтори Иштирокдорони бозори байнибонкии асъори кишварро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, дилерони ваколатдори зиёда аз 20 ташкилотҳои қарзии кишвар ширкат варзиданд. Иштирокдорони ҷаласа доир ба қабули Оини рафтори Иштирокдорони бозори байнибонкии асъор ва таҳлили вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор андешаронӣ намуданд. Танҳо баъд аз муҳокимаи бандҳои асосии Оини рафтори Иштирокдорони бозори байнибонкии асъори ҷумҳурӣ, санади мазкур қабул шуд. Бо пешниҳоди иштирокчиёни ҷаласа–дилерони ваколатдори ташкилотҳои қарзӣ мувофиқа ба даст омад, ки бо мақсади такмили Низоми электронии савдо, камбудиҳои дар барнома ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони Департаменти низоми пардохти БМТ дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ карда мешаванд. Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон