08.04.2011
Қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ тамоюли баландшавӣ дошт
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ дар ш.Душанбе ва ш.Хуҷанд тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,5165-4,5285 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,5940-1,6080 сомонӣ ва 1 евро ба 6,3500-6,3840 сомонӣ хариду фурӯш мешуданд. Баландшавии қурбҳои евро ва рубли русӣ асосан зери таъсири таносуби қурби онҳо нисбати долл. ИМА дар бозорҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт. Қурби долл. ИМА бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ, бо назардошти барзиёдии ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар нисбат ба содирот, аз ҷумла бо фишори иловагии ҳамасолаи мавсимӣ, ки ба раванди нисбатан бештари ҳиҷрати муҳоҷирони меҳнатӣ вобастааст, тағйир ёфт. Имрӯз, 8 апрел қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме паст шуда, ба 4,5110-4,5270 сомонӣ баробар шуд. Хадамоти матбуоти БМТ