14.04.2011
БМТ: семинари омӯзишию-таълимӣ барои рӯзноманигорон
14 апрели соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон семинари омӯзишию-таълимӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Семинари мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” гузаронида шуд, ки мақсади асосии он ба таври соддаю дақиқ пешкаш кардани иттилоъ дар бораи фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ мебошад. Мутахассисони пешбари соҳа, аз ҷумлаи роҳбарони воҳидҳои сохтории бонк зимни пешниҳоди маводҳои худ рӯзноманигоронро бо хусусиятҳои фаъолияти бонки марказӣ, дастовардҳо ва вазъи кунунии низоми бонкӣ ошно сохтанд. Аз суолу посухҳои хабарнигорон бо масъулини бонк хулоса метавон кард, ки ҳангоми нашри ин ва ё он маълумот доир ба низоми бонкӣ, қабл аз ҳама, ба моҳияти аслии масъала, саҳеҳияти арқому далелҳо диққати ҷиддӣ бояд дода шавад. Зеро ба мавзӯъ дуруст сарфаҳм нарафта, таълиф намудани ахбору мақола ва чоп кардани онҳо метавонад мардумро ба иштибоҳ орад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии хабарнигор бо дарки масъулияти касбӣ, воқеъбинона инъикос намудани масъалаҳо мебошад. Дар фуроварди кори семинари омӯзишию таълимӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо аҳли нишаст сӯҳбати озод доир намуд, ки дар ҷараёни он рӯзноманигорон ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои мукаммал гирифтанд. Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон