18.04.2011
Қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуд
15 апрел ва рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,5080-4,5250 сомониро ташкил дод. Дар ин давра қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме поин рафта, 10 рубли русӣ ба 1,5990-1,6150 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, андаке афзуда, 1 евро дар ҳудуди 6,4700-6,4900 сомонӣ барои қарор гирифт. Имрӯз, 18 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуда, дар атрофи 4,5130-4,5320 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ