22.04.2011
Ҳаҷми қарзҳои додашуда қариб 58 фоиз зиёд шуданд
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар моҳҳои январ-марти соли равон беш аз 1,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда дар ин давра 57,6 фоиз афзун гардида, ба 1 275,6 млн. сомонӣ баробар шуд. Яке аз омилҳои мусбии рушди соҳаи қарздиҳӣ афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмӯҳлат мебошад, ки ҳиссаи он 20,6 фоизи бақияи умумии қарзҳоро ташкил намуд. Омили дигари мусбие, ки ба инкишофи маблағгузории қарзӣ мусоидат намуд, ин нисбатан паст гардидани фоизи қарзҳо мебошад. Моҳи марти соли ҷорӣ меъёри миёнавазни он бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,9 ва 2,1 банди фоизӣ паст мебошад. Бинобар зиёд гардидани талабот ба маблағгузориҳои хурд, ҳаҷми қарзҳои хурд дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 529,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, дар ин давра 115,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4 фоиз зиёд мебошад. Хадамоти матбуоти БМТ