Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақд

Бойгонии ахбор
05.05.2011

Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақд

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе,  Хуҷанд ва дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ тамоюли баландшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,5460-4,5590 сомонӣ, 1 рубли русӣ ба 0,1651-0,1669 сомонӣ ва 1 евро ба 6,7050-6,7250 сомонӣ хариду фурӯш  мешуданд.     Баландшавии қурби евро ва рубли русӣ асосан зери таъсири таносуби қурби онҳо нисбати долл. ИМА дар бозорҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт. Қурби долл. ИМА бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ, бо назардошти барзиёдии ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар нисбат ба содирот, аз ҷумла бо фишори иловагии ҳамасолаи мавсимӣ, ки ба раванди нисбатан бештари ҳиҷрати муҳоҷирони меҳнатӣ вобастааст, тағйир ёфт.       Имрӯз, 5 май қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,5540-4,5740 сомониро ташкил дод.   Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку