Қурби миёнаи долл. ИМА андаке афзуд

Бойгонии ахбор
16.05.2011

Қурби миёнаи долл. ИМА андаке афзуд

13 май ва рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,6010-4,6180 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод.    Дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада 1 рубли русӣ ба 0,1635-0,1653 сомонӣ ва 1 евро ба 6,5300-6,5500 сомонӣ баробар шуданд.    Қурби миёнаи долл. ИМА имрӯз, яъне 16 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке афзуда, дар ҳудуди 4,6220-4,6420 сомонӣ қарор гирифт.   Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку