Тамоили афзоиши ҳаҷми амонатҳо идома дорад

Бойгонии ахбор
25.05.2011

Тамоили афзоиши ҳаҷми амонатҳо идома дорад

Бақияи кулли амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ ба ибтидои майи соли равон нисбат ба аввали сол 11,6 фоиз афзуда, 3,6 млрд. сомониро ташкил дод, аз ҷумла амонатҳо бо пули миллӣ 1,45 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,19 млрд. сомонӣ.     Дар таркиби амонатҳо 49,7 фоиз ё 1,81 млрд. сомониро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 50,2 фоиз ё 1,83 млрд. сомониро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил менамоянд.    Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар ин давра фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ ба 17,09 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ ба 15,69 фоизи солона баробар шуд.  Хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку