30.05.2011
Афзоиши мӯътадили пешниҳоди маблағҳои қарзӣ идома дорад
Дар чор моҳи соли равон ҷараёни рушди пешниҳоди маблағҳои қарзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ афзоиши мӯътадили худро идома дод. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои додашуда зиёда аз 2,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,5 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмӯҳлат, ки чун яке аз омилҳои мусбии рушди соҳаи қарздиҳӣ ба шумор меравад, зиёд шуда, ҳиссаи онҳо 32,3 фоизи бақияи умумии қарзҳоро ташкил дод. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ ба ибтидои моҳи май рӯ ба афзоиш ниҳода, 765,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин нисбатан паст гардидани фоизи қарзҳо мушоҳида гардид. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ меъёри миёнавазни онҳо бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,8 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 3,1 ва 1,7 банди фоизӣ кам мебошанд. Бақияи умумии қарзҳо ба ибтидои майи соли ҷорӣ 4,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 21,4 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла, 50,4 фоиз ё 2,1 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 49,6 фоиз ё 2,09 млрд. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Хадамоти матбуоти БМТ