06.06.2011
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд тағйир ёфт
Қурби долл. ИМА 3 июн ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,6840-4,7010 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме афзуда, 0,1683-0,1700 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,7500-6,7700 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 6 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,7040-4,7230 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ