09.06.2011
Вазъи қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА 7-8 июн каме афзуда, ба ҳисоби миёна 4,7040-4,7220 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,1702-0,1719 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,8200-6,8400 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 9 июн дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА андаке афзуда, дар ҳудуди 4,7200-4,7400 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ