23.06.2011
Қурбҳои миёнаи асъорҳои нақди ҳориҷӣ каме тағйир ёфтанд
Қурби миёнаи асъорҳои нақди ҳориҷӣ 21-22 июн дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме тағйир ёфта, 1 долл. ИМА ба 4,7350-4,7470 сомонӣ, 1 рубли русӣ ба 0,1690-0,1710 сомонӣ ва 1 евро ба 6,7700-6,7900 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 23 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, андаке афзуда, дар ҳудуди 4,7450-4,7540 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ