Талабот ба номзадҳо:
- хониши хубу аъло (иқтибос аз дафтарчаи имтиҳонот дар давоми ду соли таҳсил);
- донистани забони русӣ (аъло).
Ҳуҷҷатҳо:
- маълумотнома оиди саломатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- варақаи шахсӣ;
- розигии падару модар барои давом додани таҳсил дар ш. Москва.
Номзадҳое, ки талаботи озмунро иҷро менамоянд, тибқи тартиби муайяншуда ба курси сеюми Донишгоҳи номбаршуда аз рӯи ихтисоси «Таъмини комплексии амнияти иттилоотии низомҳои автоматикунонидашуда», зерихтисоси «Амнияти молиявӣ ва иқтисодӣ» гузаронида шуда (баъд аз суҳбат дар ш. Москва), бо хобгоҳ ва идрорпулии (стипендия) сазовор таъмин мегарданд ва баъд аз хатми таҳсил дар Бонки миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-31, 600-32-32
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - то 29 июни соли 2011, соати 17-00
Рӯзи гузаронидани озмун 29 июни соли 2011, соати 17-30
Макони гузаронидани озмун – БМТ, хиёбони Рӯдакӣ 107А
Идораи кормандон