Ғолиби озмуни Маркази протсессингии миллӣ муайян гардид

Бойгонии ахбор
29.06.2011

Ғолиби озмуни Маркази протсессингии миллӣ муайян гардид

Мувофиқи талаботи озмун дар бораи созмон додани Маркази протсессингии миллӣ барои кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи меъёрҳои марбутаи анҷом додани озмунҳо аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, ки мувофиқи он ҷаласаи кумитаи масъул бо иштироки мутахассисони хориҷӣ баргузор гашт, ширкати “Компасс Плюс” ғолиби озмун шинохта шуд.     Дар назар аст, ки амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур барои пешрафти хизматрасониҳои бонкӣ ҷиҳати фаъолияти самараноки  низоми пардохт ва зиёд намудани амалиёти ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо хоҳад гузошт.   Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку