30.06.2011
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст шуд
29 июн қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,7480-4,7650 сомониро ташкил дод. Дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, 0,1687-0,1703 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,7820-6,8000 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 30 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,7640-4,7830 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ