07.07.2011
Қурби миёнаи долл. ИМА андаке паст фаромад
Қурби долл. нақди ИМА 5-6 июл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,7440-4,7630 сомониро ташкил дод. Дар ин муддат қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме коҳиш ёфта, 0,1680-0,1690 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,8050-6,8250 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 7 июл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА низ андаке паст фаромад ва ҳоло дар ҳудуди 4,7630-4,7830 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ