21.07.2011
Қурбҳои долл. ИМА ва евро андаке паст, қурби рубли русӣ тағйир наёфт
19-20 июл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА, андаке паст шуда ба ҳисоби миёна 4,7704-4,7884 сомониро ташкил дод. Вале, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, 0,1682-0,1708 сомонӣ ба 1 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, дар ин давра каме паст шуда, 1 евро 6,7125-6,7325 сомониро ташкил дод. Имрӯз, 21 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,7820-4,8020 сомонӣ қарор дорад. Хадамоти матбуоти БМТ