Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд

Бойгонии ахбор
04.08.2011

Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд

2-3 август дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме афзуда, ба ҳисоби миёна 4,7800-4,7970 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил дод.     Дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, 0,1699-0,1716 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва  6,7900-6,8100 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд.     Панҷшанбе, яъне 4 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,7870-4,8070 сомонӣ қарор дорад.                   Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку