09.08.2011
Таваррум ва меъёри бозтамвил
Тавре аз маълумоти расмӣ бармеояд, дар ҳафт моҳи соли равон сатҳи таваррум 7,7 фоизро ташкил дод. Таварруми моҳона бошад, тайи моҳи июл ба 0,5 фоиз баробар шуд. Дар маҷмӯъ, сатҳи таваррум дар як соли охир 14,1 фоизи солонаро ташкил дод. Меъёри бозтамвил, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими молиявӣ ба шумор меравад, дар моҳи июли соли ҷорӣ 9,0 фоизро ташкил дод. Хадамоти матбуоти БМТ