11.08.2011
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме афзуд
Дар давоми чанд рӯзи ҳафтаи охир қурби доллари нақди ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, ш. Хуҷанд ва дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли баландшавиро дошта, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,7883-4,8053 сомонӣ хариду фурӯш мешуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир боз ҳам каме паст шуда, мувофиқан 0,1648-0,1667 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,7429-6,7775 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Сабаби тағйирёбии қурбҳо дар ин рӯзҳо, паст шудани қурбҳои асъори мазкур дар бозори ҷаҳонӣ ва зиёдшавии пешниҳод дар бозори дохилии ҷумҳурӣ мебошад. Имрӯз, 11 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме афзуда, дар ҳудуди 4,8150-4,8350 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ