18.08.2011
Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақд тағйир ёфтанд
Тайи чанд рӯзи охир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ нисбати сомонӣ тамоюли баландшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,8190-4,8340 сомонӣ, 1 рубли русӣ ба 0,1663-0,1683 сомонӣ ва 1 евро ба 6,8650-6,8850 сомонӣ хариду фурӯш мешуданд.
Баландшавии қурби евро ва рубли русӣ асосан зери таъсири таносуби қурби онҳо нисбати долл. ИМА дар бозорҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт. Қурби долл. ИМА бошад, бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ ва воридоти маҳсулот, ки бо хусусияти мавсимӣ дорад, тағйир ёфт.
Имрӯз, 18 август қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,8400-4,8600 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ