Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
23.08.2011

Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

    Дар интиҳои моҳи июли соли равон бақияи пасандозҳо назар ба ибтидои сол ба андозаи 22,3 фоиз афзуда, ба 3,9 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки аз он 1,5 млрд. сомониашро пули миллӣ ва 2,4 млрд. сомонӣ асъори хориҷӣ ташкил доданд.
    Дар таркиби пасандозҳо 49,5 фоиз ё 1,9 млрд. сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 50,5 фоиз ё 2,0 млрд. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
    Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар ҳафт моҳи соли равон бо пули миллӣ 15,91 фоиз ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 15,08 фоизи солонаро ташкил доданд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку