Бақияи умумии қарзҳо 33,7 фоиз афзуд

Бойгонии ахбор
26.08.2011

Бақияи умумии қарзҳо 33,7 фоиз афзуд

     Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 августи соли равон маблағи 4,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7 фоиз афзуд.Азҷумла, дар таркиби бақияи ҳаҷми қарзҳо 66,8 фоиз ё 2,9 млрд. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 33,2 фоиз ё 1,5 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд.
    Дар ҳафт моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 22,69 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,00 фоизи солона баробар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,8 ва 2,0 банди фоизӣ кам мебошанд.
    Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 38,9 фоиз зиёд аст. Аз ин ҳисоб 318,1 млн. сомонӣ дар шакли қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку