08.09.2011
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир каме паст шуданд
Тайи чанд рӯзи ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари нақди ИМА ба ҳисоби миёна 4,8350-4,8530 сомониро ташкил дод.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар рӯзҳои охир каме паст шуда, мувофиқан 0,1628-0,1647 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва 6,8100-6,8300 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд.
Имрӯз, 8 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме афзуда, дар ҳудуди 4,8550-4,8730 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ