15.09.2011
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд
Қурби доллари нақди ИМА дар давоми ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, ш. Хуҷанд ва дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли баландшавиро дошта, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА бо арзиши 4,8850-4,9000 сомонӣ хариду фурӯш мешуд.
Имрӯз, 15 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст фаромада, дар ҳудуди 4,8780-4,8970 сомонӣ қарор гирифт.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1605-0,1615 сомонӣ ва ба 6,6050-6,6250 сомонӣ баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ