Изҳороти Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
26.09.2011

Изҳороти Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

    Рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта қурби долл. ИМА тамоюли пастшавиро соҳиб шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ якбора паст фаромад. 
    Сарфи назар аз зуҳуроти шадиди омилҳои беруна, ки пеш аз ҳама дар коҳиши зуди намояҳои молиявӣ, қурби асъорҳои ҷаҳонӣ, нархҳои дороиҳои гуногун таҷассум меёбад ва то дараҷае номуайяниро нисбати асъорҳои ҷаҳонӣ эҷод намуд, вазъи умумии бозори асъори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои амалиётии он дар маҷмӯъ мӯътадил мебошанд.
    Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки бонкҳо, бахшҳои марбутаи онҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор дар пешниҳоди хизматгузории амалиёти асъорӣ фаъолияти муқаррарии худро минбаъд идома медиҳанд ва мавриди зарурӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории бозори дохилии асъор омода аст, ки чораҳои оҷилии дахлдорро андешад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку