Тамоили афзоиши қарздиҳӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
27.09.2011

Тамоили афзоиши қарздиҳӣ идома дорад

   Ба ҳолати 1 сентябри соли равон бақияи умумии қарзҳо тамоили афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд шуд ва ба 4,5 млрд. сомонӣ расид. Аз ҷумла, қобили қайд аст, ки афзоиши ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат назар ба қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат бештар мебошад. 
    Инчунин фоизи миёнавазни қарзҳо назар ба ҳамин санаи соли гузашта дар маҷмӯъ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ паст шуда, бо пули миллӣ ба 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,1 фоизи солона баробар шуданд. 
    Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 1,6 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки дар қиёс ба ҳашт моҳи соли гузашта 37,6 фоиз зиёд аст ва аз он 358,5 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку