Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ

Бойгонии ахбор
30.09.2011

Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ

    Ба санаи 1 сентябри соли равон бақияи кулли пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,1 фоиз афзуда, 3,9 млрд.сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, амонатҳо бо пули миллӣ ба 1,4 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба 2,5 млрд. сомонӣ баробар шуданд.     
    Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҳаҷми умумии пасандозҳо 46,3 фоиз ё 1,8 млрд. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 53,7 фоиз ё 2,1 млрд. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.
    Фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ дар ин давра 15,92 фоизи солона ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 15,03 фоизи солонаро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку