Бозхонди шаҳодатномаи Фонди қарзии хурд

Бойгонии ахбор
07.10.2011

Бозхонди шаҳодатномаи Фонди қарзии хурд

    6 октябри соли 2011 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №190 Шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» барои иҷрои амалиёти қарздиҳии хурд бозхонда шуд.
     Қарори мазкур дар асоси пайнавишти Маҷлиси Шӯрои нозирони фонди қарзии хурди номбурда ва ҳалномаи судяи Суди иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи иҷрои вазифаҳои дар назди фонд гузошташуда ва қатъ гардидани фаъолияти он қабул карда шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку